БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛ ОИД БА БАРРАСИИ ПАЁМ

ВАХШ. Дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш бо иштироки Абдусаломзода Мунаввара вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ вакили мардумӣ дар бораи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, солҳои 2022-2026 эълон гардидани “Солҳои рушди саноат”,  тарбияи дурусти насли наврас, тарғиби фарҳанги миллӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ фикру мулоҳизаронӣ карда, аз ҷамъомадагон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созанда, саҳм гузоштан дар пешрафту ободии Ватан даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg