Ҷ.БАЛХӢ. Дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 Одиназода Ҳуснигул Раҷаб бо фаъолон ва сокинон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дустӣ Абдулҳафиз Қурбонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид, инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, имомхатибон, сокинону фаъолон аз ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия иштирок доштанд. Зимни вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аз ҳавзаи интихоботии №30 Одиназода Ҳуснигул Раҷаб оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла доир ба рушди соҳаи маориф, дар руҳияи ватандустию хештаншиносӣ тарбия намудани насли навин, ҷалби наврасон ба илмҳои дақиқу забономузӣ, интихоби дурусти касбу ихтиссос барои онҳо, рушди соҳаи саноати кишвар, ҳадафҳои стратегии давлат суханронӣ намуд. Дар охир сокинон мушкилоту норасоиҳои ҷойдоштаро бо мақсади бартараф шудан ба самъи вакил расонданд.