БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАР БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР

АНДЕША. Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хӯрданбоб. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,

Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.

Ҳунаре неҳ, ки диҳад симу зарат,

Ҳунари аз дилу ҷон ранҷбарат.

Шахси ҳунарманд аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро асир месозад. Музди меҳнати кас агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар, омӯхтани ҳунар аст. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие доранд, ранҷе доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси сар менамоянду ҳунаре меомӯзанд. Бехабар аз он ки омӯхтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу бообрӯ мегардонад. Ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эхтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунари волост. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдод аст. Яъне, ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва ба куҷое, ки наравад, метавонад бо дастоварди бузурги худ музде пайдо намояд, ки боиси рӯзгузарониаш гардад. Илова бар ин, бо ҳунари волояш машҳур гашта, қудрату манзалати зиёд пайдо мекунад. Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, хамеша пайи омӯзиш аст. Мекӯшад хамеша чизеро омӯзад, ки боиси волоҳунар гардиданаш гардад. Дар натиҷаи меҳнати гарон ба касе амалеро анҷом диҳад, ки ҳам боиси хурсанд гардидани ӯ ва ҳам барои худаш манбаи омӯзиш бошад. Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузург пайдо созад. Ин бузургӣ ба хираду дониши кас вобастагӣ дорад.

      Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,

      Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.

       Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст.

      Дар дидаи мардумон азиз аст.

Қурбонгул Раҷабзода, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg