БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ ВАКИЛ ОИД БА ТАРҒИБИ ПАЁМ

ФАРХОР. Дар ҷамоатҳои деҳоти Гулшан ва Деҳқонободи ноҳияи Фархор мулоқоти гурӯҳи корӣ дар ҳайати олимону нависондагон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолӣ оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки санаи 2112.2021 доир шуда буд,  баргузор гардид.  

Зимни суханронӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат оид ба сиёсати дихилию хориҷии кишвар ва самтҳои асосии иҷтимоиву иқтисодии мамлакат бо фарогирии дастовардҳои даврони си соли соҳибистиқлолии кишвар ироа гардид, ки дурнамои рушди минбаъдаро барои имсолу солҳои оянда муайян менамояд.

Нуқтаҳои зикршудаи Паёми имсола нишон медиҳанд, ки дар назарияи сиёсӣ ва давлатдорӣ Паёми солонаи Роҳбари давлат ҳам аз назари маънову ҷойгоҳ ва ҳам аз назари мазмуну таъинот санади муҳимми давлатӣ ҳисоб шуда, аҳамияти махсуси давлатӣ, дипломатию байналмилалӣ ва идориву коргузорӣ дорад.

Дар натиҷаи татбиқи дурусти вазифагузориҳои бандҳои он, ҳар Паёми солонаи Роҳбари давлат метавонад қадам ва такони наве дар масири рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа ва давлат бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg