БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАЛБИ ДОВТАЛАБОН БА ДОНИШГОҲҲОИ ВИЛОЯТИ ИРКУТСКИ ФР

КӮЛОБ. Дар толори Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии раиси Ҷамъияти миллӣ - фарҳангии тоҷикон дар вилояти Иркутски умитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Наврӯз Ҳусейнзода бо раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб доир гардид.

Мақсади ин вохӯрӣ ҳарчи бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба донишгоҳҳои вилояти Иркуртски ФР ва таъмини шароити мусоид барои муҳоҷирони дар вилояти болозикргардида мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола бо ибтикор ва дастгириии Ҷамъияти миллӣ - фарҳангии тоҷикон дар вилояти Иркутски Федератсияи Россия қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи аграрӣ, Донишгоҳи роҳи оҳан ва Донишгоҳи техникии шаҳри Иркутск ба таври буҷавӣ ва шартномавӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ин рӯ, бо мақсади ҷалби довталабон дар оянда мақсад доранд, ки чунин вохӯриҳо бо иштироки намоянагони донишгоҳҳои болозикр дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg