КӮЛОБ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 бо интихобкунандагон вохӯрӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода ва Ашӯрзода Ғиёсиддин, инчунин муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ вакилон бо навбат баромад карда, нуқтаҳои Паёми солонаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокдорон шарҳу тавзеҳ доданд. Дар фарҷом интихобкунандагон ба ҳозирин саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.