БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ВАКИЛОН ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

КӮЛОБ. Бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарифҷон Ҳакимзода ва Ашӯрзода Ғиёсиддин, инчунин, муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Ҳамидиён Орзу, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз ва дигар шахсони расмӣ бо интихобкунандагони ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар аснои вохӯрӣ гуфта шуд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавндаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсули давлату ҳукумат ҳидоят менамояд.

Дар поёни мулоқот интихобкунандагон ба ҳозирин саволҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg