БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МУЖДАИ НЕК АСТ

ЁВОН. Азимзода Толибхон Ситамурод вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ёвон-29” зимни суханронӣ дар назди  фаъолони ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов иброз намуд, ки соли 2021 барои мардуми сарбаланду бошарафи тоҷик соли тақдирсоз ва басо гуворо буд, зеро ки имсол мо ҷашни бошукӯҳу таърихии хеш 30 солагии Истиқлолияти худро ҷашн гирифтем. Бо ин муносибат дар ҳама гӯшаву канори кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ мароми тоза дошта, халқи сарбаланди тоҷик аз пайравӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, гӯшаеро обод намуданд.

Ҳамчунин, дар рафти суханронӣ зимни баррасии муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таз ҷониби вакил оид ба  андозаи аз 20 то 25 фоиз зиёд гардидани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, вазъи имрӯзаи Афғонистон, соддагардонии низоми андозбандӣ, рушди илму маориф ва фарҳанг, тандурустӣ ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” андешаронӣ карда шуд. Аз ҷониби иштирокдорон баромади эшон хуш пазируфта шуда, таъкид гардид, ки дар пайи амалӣ гаштани Паёми мазкур талош меварзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg