БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ ҶАШНИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

ЁВОН. Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ узви Кумитаи Иҷроияи  Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар доираи тадбирҳои хайрхоҳона як зумра ниёзмандонро аёдат намуда, ба онҳо маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон 20 адад ва аз ҷониби Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 13 адад аробачаҳои маъюбӣ харидорӣ гардида, ба маъюбон дастрас карда шуд. Ҳамчунин, раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Хонаи пиронсолон ва маъюбони ноҳия рафта, бо бошандагони ин даргоҳи умед суҳбати гарму самимӣ оростанд. Ба ҳар як бошандаи Хонаи пиронсолон туҳфаҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg