БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БАРНОМАИ МУКАММАЛИ СОЛ АСТ

ЁВОН. Бо иштироки Азимзода Толибхон Ситамурод вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ёвон-29” ва иштироки фаъолонаи устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар партави Паёми навбатии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси қонунгузорӣ кишвар вохӯрӣ доир гардид.

Ҳамчунин, дар рафти суханронӣ зимни баррасии муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакил оид ба нақш ва манзалати занону ҷавонон дар идоракунии давлатӣ,  андозаи аз 20 то 25 фоиз зиёд гардидани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, вазъи имрӯзаи Афғонистон, соддагардонии низоми андозбандӣ, рушди илму маориф ва фарҳанг, тандурустӣ ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” андешаронӣ намуд. Аз ҷониби иштирокдорон баромади эшон хуш пазируфта шуда, таъкид гардид, ки дар пайи амалӣ гаштани Паёми мазкур талош меварзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg