
ДӮСТӢ. Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абӯбакр Ҷалолов дар ташкилоти ибтидоии "Беморхонаи марказӣ" вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ба хотири рушду пешрафти зиндагии мардум, махсусан вусъат додани рушди саноат дар 5 соли ояндаро фароҳам меорад. Инчунин, ҷиҳати хатари гурӯҳҳои ифродгаро ва муқобилият нишон додан ба хоинони кишвар суханронӣ карда шуд.