ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо мақсади ҷалби ҷавонон ба мафкурасозии миллӣ ва тарзи ҳаёти солим дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзиш” чорабинии варзишии намуди бозии “шоҳмот” дар байни хонандагони синфҳои 10-11 баргузор гардид.
Дар оғози чорабинии мазкур роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Абдуллоев Ваҳобиддин оид ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон сухан намуда, қайд кард, ки бо бастани ин Созишнома дар Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи комил ҷорӣ гардид ва барои созандагиву бунёдкорӣ имкониятҳо фароҳам оварда шуданд.
Бинобар ин мо-насли имрӯзаи Тоҷикистонро зарур аст, ки якдиливу якпорчагии Ватани азизамонро чун гавҳараки чашм азиз дошта, бо дониши хубу аъло ва амалҳои созандагӣ дар ободонии он саҳмгузор бошем.
Дар фароварди мусобиқаи мазкур ғолибон бо туҳфа ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён сарфароз гардонида шуданд.