БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲАИ САНОАТ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ МУҲИМ МАҲСУБ МЕЁБАД

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии “ҶСК Хоҷамӯъмин”-и ноҳияи Восеъ ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21.12.2021 баргузор гардид бо иштироки кормандони масъули ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон масъулини ҳизбӣ аз раванди корҳои ташкилоти ибтидоӣ дидан намуда, иброз доштанд, ки соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳими кишвар буда, дар рушди минбаъдаи мамлакат аҳамияти муҳим дорад  ва бинобар ин сабаб Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд.

Ин нуктаро ба назар гирифта Корхонаи “ҶСК Хоҷамӯъмин”-и ноҳияи Восеъ намаки истеъмолии аз ҷиҳати экологӣ ва табиӣ йодкардашударо ҳамарӯза ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва хориҷ аз он содир менамояд.

Бояд қайд намоем, ки дар корхона ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа медиҳанд ва бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо намаки хушсифат шабу рӯз талош менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg