БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ДОРОИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ ҲАСТАНД

ВОСЕЪ. Роҷеъ ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №68-и деҳаи Заркорони ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки дар Паёми худ Пешвои миллат бо ифтихор таъкид карданд, ки “Ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.”

Бояд қайд намоем, ки маҳз ана ҳамин боварии Пешвои маҳбуби миллат аст, ки имрӯз чӣ дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чӣ дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пешбарро доранд ва саҳми хешро дар пешрафту тараққиёти ватани азизамон мегузоранд.

Аз ин лиҳоз ҳамаи ҷавононро зарур аст, ки шурӯъ аз ҳоло баҳри зиндагии шоистаи хеш ва тинҷиву осудагии кишварамон илмҳои замони хешро аз худ намуда, ба ватани азиз содиқона хизмат намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg