БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗОДИВУ ОБОДӢ АЗ ШАҲДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ

АНДЕША. Ҳар гоҳе калимаи сулҳу ваҳдат ба забон меояд, беихтиёр ваҳшонияти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар сарзамини ҳамагӣ як сол дар замони Истиқлолияти давлатӣ қоматафрохта  пешорӯи хотираҳо намоён мегардад.  Дар он солҳо хатари аз байн рафтани як миллати таърихии куҳанбунёд   вуҷуд дошт ва ин хатар ҳар лаҳза таҳдид менамуд. Хисороти зиёда аз 10 миллиард  долларе, ки чандин солҳо миллати моро ақибмонда ва   қарздор гардонду буҷаи мамлакатро хароб, марги бештар аз 150 ҳазор одамони бегуноҳ, бехонумон ва гуреза гардидани бештар аз як миллион ҳамватанон , дигар ваҳшонияти гӯшношуниди роҳбарони ташкилоти террористӣ- экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ки ба сари миллати азияткашидаи тоҷик оварданд,  аз он рӯзҳои шум ва нангин дар хотираи хотираҳо ҳамчун намак бар захмҳо   боқӣ мондааст.

Дар он давраи ниҳоят хатарнок фидоие  лозим буд, ки ҳифозатгари давлату миллат бошад. Аммо ҳама барои худраҳоӣ талош мекард. Ин дар мисол Рӯзи Маҳшарро мемонд. Кор ба дараҷае расида буд, ки баъзе аз ҳамсафони наздики Роҳбари давлат бар зидди раванди сулҳ баромада, ба сиёсати пешгирифтаи сулҳофарӣ ба назари шубҳа муносибат мекарданд. Вале аз байни садҳо ҳазор тан  родмарди ватандӯсте бархосту ҷон ба каф гирифта, барои ҳифзи давлату миллати тоҷик аз вартаи нестӣ ва порокандагӣ камари нанг баст. Гӯё дар он рӯзҳои  пуртаҳлука Офаридгор Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои наҷоти давлату миллат ба сари қудрат овард. Ӯ дар суханронии аввалини худ дар Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт,  ки барои таъмини сулҳ ва наҷоти миллат омодааст ҷони худро қурбон намояд.

Фаъолияти Пешвои миллат мардумро ба  фардои дурахшони Тоҷикистон умед бахшид. Ба матонату мардонагӣ ва боварӣ ба ояндаи нек ба мардум гуфт: ”Ман  ба шумо сулҳ меорам”.  Сарвари давлат ба ваъдаи худ вафо намуда, баъди талошҳои зиёди чандинсола, нишасту музокирот ба мақсади ниҳоӣ – сулҳу ваҳдат ноил гардид. Ба мардум сулҳи бебозгашт овард.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин марҳила нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастоварди миллатанд ва  дар баробари ин ду неъмати бебаҳо дигар манфиатҳо арзиши дуюмдараҷа доранд.

Дар замони бисёр мураккабу  печидаи ҷаҳони муосир, ки душманони давлату миллат ҳоло ҳам аз мақсадҳои нопоки худ барнагаштаанд ва мехоҳанд фазои ороми кишварро халалдор созанд, моро мебояд, ки ҳушёру зирак бошем. Бо дассисаю фиреби ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем.Таҳти сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешваои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   истиқлолияту озодӣ, ваҳдату ягонагии давлату миллатро нигоҳ дорем.

Зоиров Бобоҷон,   роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg