БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

ҶАЙҲУН. Дар толори Қасри фарҳанги ноҳия вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳарбону ва Сафаров Зайниддин бо фаъолон ва сокинони ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун Бахтдавлатзода Гулбаҳор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Қобилҷон Зулматов, раиси ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ва фаъолону сокинон иштирок доштанд.

Зимни вохурӣ вакилон вобаста ба ироаи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, моҳият ва самтҳои асосии онро ба иштирокдорон шарҳу тавзеҳ доданд. Инчунин, иброз гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае баргузор гардид, ки кишвари маҳбуби мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи босубот бо қадамҳои устувор пеш мераванд. Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинон бо вакилони мардумӣ гуфтушунид баргузор намуда, ба саволу дархостҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва изҳори миннатдорӣ баҳри ташрифашон баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg