БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАСОНИДАНИ МУҲТАВОИ ПАЁМ БА МАРДУМ

ҲАМАДОНӢ. Дар ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳаёт, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Аббос Саидмуминзода  вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии  мамлакат бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳал ва аҳолии ҷамоат баргузор гардид.

Одиназода Ҳаёт зимни баромад қайд кард, ки санаи 21-уми  декабри соли 2021 Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид, гуфта шудааст дар 70-соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530000 оила 77000 гектар замин дода шуда буд. Дар ин давра дар кишвар 54000 гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200000 гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо амалӣ шуда истодааст.

Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2-3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои ба маротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg