ВОКУНИШ. Имрӯзҳо душманони миллату давлати тоҷик гурӯҳи ҷиноятпешаи мухолифини давлату Ҳукумат хориҷ аз кишвар, бахусус дар Федератсияи Россия ҳастанд, ки имрӯзҳо онҳо бозори ҳангоматалабии худро гарм сохта, мардуми шарифи Бадахшонро ба гумроҳӣ бурда, дар сомонаҳои интернетӣ хабарҳои дурӯғу туҳматангез, дассисаю иғвоҳои навбатии худро нисбати давлату ҳукумати феълии Тоҷикистон ва иқдомҳои инсондӯстонаю ватанхоҳонаи Сарвари давлат барангехта бо тобиши барои худашон маъқул пешниҳод намуда, ҷомеаро ба нофаҳмӣ меоранд.
Онҳо бояд дониста бошанд, ки ин Ватан ин миллат барои худ фарзандоне дорад, ки баҳри ободиаш, сулҳу амониаш ва ҳифзу ягонагиаш ҷони хешро нисор мекунанд.
Мо худ насли калонсоли кишвар дар хотир дорем, ки ба дассисаҳои душманони миллат, нотавонбинони аммо аз ҷоҳиливу нодониашон, бо ишораи хоҷагони зархаридашон санги маломату надомат ба сӯйи фарзандони хеш ҳавола намудаву ҳисси бадбиниву номеҳрубонии ононро нисбати сулҳу суботи комили кишварамон барохтани мехоҳанд, иҷозат намедидиҳанд. Дар Тоҷикистони маҳбуби мо дар мубориза баҳри соҳибистиқлолии кишвар ҳазорон нафар ҷон бохтанд, ҳазорон нафарашон беному нишон гум шуданд, ҳазорон нафари дигар бошанд дар мулки ғайр маскан гирифтаву соҳиби хонаву дар гардидаанд, аммо нафарони зиндабудаи дар Ватан монда, дар дилҳои хеш умед мепарвариданд, то сулҳ ба Ватан боз ояду онҳо низ аз ҳавои мусаффои Ватан озодона нафас бигиранд, Имрӯз як гурӯҳи фарзандони нохалафи ҷиноятпешаи сокини шаҳри Хоруғи маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистон ҷидду ҷаҳд бар он доранд, ки ба ҳар восита доираи гурӯҳҳояшонро фарохтар созанд ва ба амнияти марзу буми ин кишвари тозаистиқлолу саодати ин мардуми озодандешу показарӯзгор халал ворид намоянд. Имрӯзҳо онҳо бозори ҳангоматалабии худро гарм сохта, мардуми шарифи кишвар ва сокинони ватандӯсти Бадахшонро ба гумроҳӣ бурда, дар сомонаҳои интернетӣ хабарҳои дурӯғу туҳматангез, дассисаю иғвоҳои навбатии худро нисбати давлату ҳукумати феълии Тоҷикистон ва иқдомҳои инсондӯстонаю ватанхоҳонаи Сарвари давлат барангехта бо тобиши барои худашон маъқул пешниҳод намуда, ҷомеаро ба нофаҳмӣ меоранд.
Имрӯзҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ як гурӯҳ ҷавонон сокинони Бадахшон, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, бо ақидаи худашон ба мардуми кишавр муроҷиат намуда, худро дӯстдори миллату Ватан нишон дода, бо суханпардозиҳои ба худашон мувофиқ мардуми кишварро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳанд. Дар баромадҳои ноодилонаи худ давлату Ҳукумати Тоҷикистонро “золим “ маънидод менамоянд. Савол ба миён меояд, ки чаро ин давлату Ҳукумат барои сокинони дигар минтақаҳои кишвар золим несту танҳо барои сокинони маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон золим будааст.
Онҳо ҳатто андеша намекунанд,ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи аввали он Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад.
Ободкориву шукуфоии Тоҷикистони азиз корҳои бунёдкориву созандагӣ дар кишвар афзудани нуфузи Ватани азизамон ободу гулгулшукуфии он дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ нишонаи аз он аст.
Ҳар як ҷавонмарди боору номуси кишвар махсусан сокинони ватандӯсту бо нангу ори Бадахшон пеш аз ҳама насли ҷавони он дифоъи ҳар як зарраи обу хоки Ватани азизи худро вазифаи муқаддаси худ дониста нагузоранд, ки ин душманони миллат зиндагӣ осоишта ва хушу хурсанди имрӯзаи як гӯшаи Ватани азизамон- Бадахшони Тоҷикистони азизро халалдор намоянд.
Намегузорем, ки бо хотири чанд ватанфурӯше, ки ба ҳар гуна равия ва ҳаракатҳои бегонаи тахрибкор пайвастаанд, амнияти кишвар, осудагии модару хоҳар, зану фарзанд ва билоихира номуси мо ба хатар афтад,. ки ба дассисаҳои навбатии душманони миллат, нотавонбини аммо аз ҷоҳилу нотавонбинӣ, ки бо ишораи хоҷагони зархаридашон санги маломату надомат ба сӯйи фарзандони хеш ҳавола намудаву ҳисси бадбиниву номеҳрубонии ононро нисбати сулуҳу суботи комили кишварамон барохтани мехоҳанд иҷозат намедиҳем. Дар Тоҷикистони маҳбуби мо дар мубориза баҳри соҳибистиқлолии кишвар ҳазорон нафар ҷон бохтанд, ҳазорон нафарашон беному нишон гум шуданд, ҳазорон нафари дигар бошанд дар мулки ғайр маскан гирифтаву соҳиби хонаву дар гардидаанд, аммо нафарони зиндабудаи дар Ватан монда, дар дилҳои хеш умед мепарвариданд, то сулҳ ба Ватан боз ояду онҳо низ аз ҳавои мусаффои Ватан озодона нафас бигиранд,
Халқи тоҷик , ин неруи тавоно дар ҳар давру замон баҳри ободии диёр ва саодати мардуми хеш талош менамуд, ҷонбозиҳо мекард ва намегузошт, ки мардуми он пойбанди душман ва ғуломи ҳалқабардӯши ағёр бошад.
Ин миллат пайваста дар муборизаҳои шадиди хунин баҳри истиқлолияти давлат ва ваҳдати миллӣ алайҳи душман меҷангид ва музаффарият ба даст меовард.
Модари баиффати тоҷик ҳаргиз намебахшид он фарзандонеро , ки барои пулу мол шуда, миллатро «мефурӯхтанд»ва давлатро аз байн мебурданд. Модари тоҷик бахусус модарони сокини Бадахшон аз аъмоли ношоистаи базе фарзандони кӯрнамакаш зор-зор мегиряд, дилаш реш- реш шуда истодааст, зеро тифлони домангираш охир гиребонгир шуда ва доғ дар исми ин миллату ин Ватан мондан мехоҳанд .
Ализода Сурайё, сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон