БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАКРОРИ ҲАВОДИСИ СОЛИ 1992 ДАР БАДАХШОН

ВОКУНИШ. Таърихе ҷаззобтар аз худи таърих вуҷуд надорад ва таърихро зиндагии инсоният месозад.

Ҳаводиси моҳи ноябри соли 2021, ки дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аниқтараш дар миқёси ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ ба амал омада, бардоштани тобуте, ки гӯё бадахшониеро бегуноҳ кушта бошанд, ҳаводиси 2 сентябри соли 1992- ро, ки дар вилояти онвақтаинаи Қӯрғонтеппа рух дода буд,  ба ёд меорад. Он рӯзҳо саркардагони  Ташкилоти экстремистию терористии Ҳизби мамнуъгаштаи наҳзат Саид Абдуллои Нурӣ, Маҳмадсалиҳов ва Хуҷаев тобути мурдаеро тайи як моҳ миёни шаҳри он вақтинаи Қӯрғонтеппа  бо дадели кушта шудани аъзои наҳзат аз ҷониби фронтҳои халқӣ гардонида, сипас гӯё дар ҳавлии назди Кумитаи иҷроияи депутатҳои халқи вилояти Қӯрғонтеппа, ҳозира Кохи Ватан гуронидаанд. Лек бешак он тобут болояш мурдае надошт ва барои дассисабозии наҳзатиён тобут кифоя буд, зеро мурдаи якмоҳа болои тобут барвақт бӯй гурифта, пӯсида буд.

Замони ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳама бештар вилояти Хатлон ва он ҳам қисмати минтақаи Қӯрғонтеппа ҳозира Бохтар осеб дида, талу тороҷ гардида буд.

Инак, наҳзатиёни хиёнатпеша мехоҳанд бо чунин амалҳои разилонаашон бо баргузории гирдиҳамоиҳо ва бардоштани як тобути шахсияти ҷинояткор минтақаи Бадахшонро ба харобазор табдил диҳанд, дарвозаи тиллоии Тоҷикистонро оташ зананд.

Гулбиддин Зиёбеков нафарест, ки бо сабаби содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва поймол кардани қонун дар кофтуков қарор дошт. Дар баробари ин, барои кирдорҳои содиркардааш ҷавоб гуфтан нахоста, ҳангоми боздошт ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муқовимати мусаллаҳона нишон дод ва дар натиҷа, баъд аз захмӣ шудан ба ҳалокат расид...

Марги як ҷинояткор имрӯз набояд боиси ошубу тазоҳурот ва сабаби нооромии вазъ дар минтақа гардад. Ин дар ҳолест, ки ҳазорон нафар ҷавонони миллат, ки бо мақсади бунёдкориву созандагӣ дар соҳоти мухталифи хоҷагии халқ шабу рӯз заҳмат мекашанд, дар сохтмонҳои бузурги аср саҳми арзандаи хешро мегузоранд ва ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз итминони комил доранд.

Ҳамчун модар ба иродаву шуҷоат ва зиракию сиёсии модарони бадахшонӣ итминон дорам ва бовар дорам, ки бо меҳри модарона ва иродаи қавии тоҷикона нақшаҳои бадхоҳони миллатро ботил сохта, ҷавононро дар роҳи созандагӣ ва сулҳу ваҳдат тарбия ва роҳнамоӣ менамоянд.

Боқӣ, Бадахшон ҷовидона бод!

Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg