ПАНҶ. Дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфутдин сокинони маҳаллаи 16-солагии Истиқлолият тавассути оинаи нилгун сабти воқеаҳои рӯхдодаи рӯзҳои охири ВМКБ-ро тамошо карданд.
Вобаста ба ин ҳодисаҳои нангин ҷамъомадагон ба хулосае омаданд, ки ақли солим асоси пешгирии ҳама дассисаю иғвогариҳои навбатии душманони миллат мансуб ёфта, азму талоши кулли мардуми кишвари азизамон баҳри пешгирии ҳама гуна нооромсозии вазъи сиёсии Ватани азизамон равона карда шавад. Ҷавонони кишварамонро мебояд ҳушёрии сиёсиро асоси фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, ба ҳаргуна фитнаю дассисаҳои иғвоангез дода нашаванд. Ватан, миллат ва марзу бум, тинҷию амониро муққадастарин вожа дар қалби худ ҳамарӯза эҳсос намоянд.