ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4”-и шаҳр бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва дигар масъулин бо омӯзгорон ва волидайни хонандагон оид ба тарғиби Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ намояндагон оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид.
Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.