КӮШОНИЁН. Дирӯз дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, таҳти Раёсати раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султонзода, Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ва Файзулло Машраб Қурбоналӣ бо фаъолон доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Шукуллозода Дилафрӯз, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо ва эмомхатибон иштирок доштанд.
Вакилон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ доданд.
Зимни баромадашон онҳо қайд карданд, ки воқеан дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраи панҷсолаи оянда муайян намуда, ҷихати пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари маҳбуби мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд. Дар фарҷоми вохӯрӣ вакилони мардумӣ ба саволу дархостҳои интихобкунандагон ҷавобҳои мушаххас гардонданд.