КӮШОНИЁН. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султонзода, Файзулло Машраб Қурбоналӣ бо фаъолони ҷамоат доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Шукруллозода Дилафрӯз, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона, намояндаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, муовини ректор Қувватзода Обидҷони Шаҳобиддин, раиси ҷамоат, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо эмомхатибон ва сокинон иштирок намуданд.
Ҷамъомадро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона кушода, мақсади баргузории маҷлисро ба ҳамагон фаҳмонид.
Вакилони парлумон Паёми Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ доданд. Сипас, дар назди ҳозирин намояндаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, муовини ректор Қувватзода Обидҷони Шаҳобиддин баромад кард.
Баъдан, муовини раиси ноҳия Шукруллозода Дилафрӯз дар назди иштирокдорон суханронӣ карда, вобаста ба паҳлуҳои Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуда, сокинонро барои татбиқи ҳадафҳои созанда раҳнамоӣ кард.