БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО СОКИНОН СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

КӮШОНИЁН. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ҷамоати деҳоти Заргар вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султонзода, Файзулло Машраб Қурбоналӣ бо фаъолони ҷамоат  доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона, раиси ҷамоат, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон ва сокинон иштирок намуданд.

Ҷамъомадро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона кушода эълон намуда, суханро ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дод.

Вакилони мазкур Паёми Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ доданд.

Зимни баромадашон вакилон қайд карданд, ки дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ муайян гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg