АНДЕША.Чанде пеш, тариқи телевизиони давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон “ТВ-Бадахшон” рафти баргузории Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум намоиш дода шуд.
Дар иҷлосияи мазкур, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Алишер Мирзонаботов баромад карда, вобаста ба вазъияти воқеаҳои баамаломада дар рӯзҳои 25-27 ноябри соли ҷорӣ, ки аз ҷониби як гурӯҳи ҷинояткорон ташкил карда шуда буд, дар назди вакилон ҳисобот доданд. Раиси ВМКБ дар баромад қайд кард, ки амалҳои нангине, ки ду- се ҷинояткор такрор карданд, мавқеи мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон набуда, балки мо мардуми вилоят ин амалкарди ҷавонони ҷинояткорро шадидан маҳкум менамоем. Хуб мешуд, ки ҷавонони шаҳри Хоруғ, ки даст ба чунин бетартибиҳо задаанд, бояд аз амали содиркардаи хеш пушаймон гашта, дар назди халқу миллат бояд масъулият ҳис карда узрхоҳӣ намоянд ва волоияти қонунро, ки иҷроиши он ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар мебошад, риоя ва таъмин намоянд. Дар рафти иҷлосия вакилон аз ноҳияҳои Ванҷ, Мухторов Ёдгоршо ва вакил аз ноҳияи Дарвоз, Давлатзода Ҳаким Алишер ба музокира баромада, вобаста ба вазъияти баамаломада дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ фикру ақидаҳои худро баён намуданд.Онҳо оид ба рафтори ношоистаи ҷавонони ҷинояткори шаҳри Хоруғ, таъмини волоияти қонун ва буридани дарахтону латукӯб кардани намояндагони ҳокимияти давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ибрози андеша карданд. Вакилон қайд намуданд, ки мо низ узви ҷомеаи халқи сарбаланди Бадахшон мебошем ва ҳодисаҳои нангини баамаломада моро дар назди ҳамватанони мамлакат сархам кард. Дар сурати таъмин накардани волоияти қонун, суботу амният ва ба ҷавобгарӣ накашидани афроди ҷиноятпеша мо тақдири сокинони ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвозро дар ҳайати дигар минтақа мебинем. Мардуми сарбаланд ва бо нангу номуси Бадахшон биёед рафтори ношоистаи ин гурӯҳи ҷиноятпешаро шадидан маҳкум намуда, нагузорем ки шаҳри зебои Хоруғ дигарбора ноором гардад.Ҷудоиандозӣ накунем, зери сиёсати раъиятпарварона, оқилона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда ин ватани азизамонро, ки Тоҷикистон ном дорад, обод созем. Биёед, ҳамагӣ сарҷамъ шуда якпорчагии Тоҷикистони азизро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ду- се ҷавони ноогоҳ ва бесаводе, ки бо фиребу найранги бадхоҳони миллат роҳгум задаанд, насиҳат карда бо роҳи дурусти зиндагӣ ва тарзи ҳаёти солиму осоишта баргардонем.
Зоиров С., муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ