БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР” БОИСИ ИФТИХОРИ ТОҶИКОН

АНДЕША. Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” воқеан  барои мо Тоҷикистониён боиси ифтихор аст.  Зеро  ин иқдоми муҳим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод  гардид. Даҳсолаи байналмилалии амал “ Об барои рушди устувор”, 22  марти соли 2018 ( Рӯзи байналмилалии захираҳои об) оғоз ёфта, 22 -марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ташаббусро оид ба ҳалли масоили об пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби  ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Иқдоми  Сарвари давлат обрӯи Тоҷикистонро дар ҷаҳон боз ҳам боло бурда, таваҷҷуҳи мардуми сайёраро ба ин масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ кард. Оре, об  манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки  воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният  аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Обу ободонӣ гуфтаанд. Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Оби тоза шарти асосии ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосефраи  сайёра мебошад. Ҷойгиршавии оби ширин дар табиат нобаробар аст. Беш аз 2  миллиард нафар одамон  имрӯзҳо камбудии шадиди  ин неъмати худодро эҳсос мекунанд. Бо баробарии рушди муносибатҳои  демографӣ ин масъала торафт мураккабтар  мегардад. Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба муҳим будани ин масъала ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “ Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои  ояндаи босуботи  кишвар ва  минтақа мебошад”. Далелу аркоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди оби тоза – 974 дарё, 14509   адад  пирях, 1300 кул, 187 км куб обҳои зеризаминӣ мебошад. Об сарчашмаи ҳаёт аст ва бе об ягон мавҷудоти зинда вуҷуд дошта наметавонад.Агар инсон бе истеъмоли хӯрок як моҳ зинда монад, бе об якчанд шабонарӯз зиста метавонаду халос. Барои муътадилии фаъолияти инсон меъёри муқаррарии об лозим аст. Талабот ба об барои ҳар инсон вобаста ба шароит гуногун буда, аз 30 то 230 литрро ташкил медиҳад. Ин ҷиҳат моро водор месозад, ки беш аз пеш қадри обро донем ва онро ба дигарон талқин намоем. Тозаву обод  нигоҳ доштани муҳити зист,  оқилона истифода бурдани сарватҳои табиат, ҳифзи  олами ҳайвоноту наботот вазифаи шаҳрвандии мост, зеро  покизагии муҳити зист асоси солимии аҳли ҷомеа  ба ҳисоб меравад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад.

Дар маҷмуъ, ҳар як шаҳрванди кишварро мебояд дар татбиқи даҳсолаи байналмилалӣ дар доираи имконоти худ саҳм гузорад. Бо ин амали худ  мо бори дигар муттаҳид буданамонро дар атрофи Пешвои миллат  собит намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба муҳимияти пешниҳодоти ин абармард муътақид месозем.

Арҷ гузоштан ба об низ аз суннати неки хонаводагӣ буда, он мисли занҷираҳо моро бо гузаштаи дури таърихӣ мепайвандад.

Воҳид  Дилафрӯз Сафарӣ,  муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg