ДАНҒАРА. Дирӯз бо иштироки бевоситаи Абдуллозода Фариза муовини раиси ноҳияи Данғара, Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, Муродов Абдулмаҷид мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар шахсони масъул дар ҷамоати деҳоти Корез бо фаъолон ва аҳолӣ роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саннаи 21 – декабри соли 2021, ироа гардида буд, мулоқот намуданд.
Масъулон дар баромадҳои хеш ба аҳолӣ иқтибосҳо аз Паёми навбатӣ оварда, моҳияти онҳоро ба таври муффасал ба дарки сокинон расониданд.