ВОСЕЪ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар МТМУ №45-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси олии кишвар вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулини ҳизбӣ қайд намуданд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола чун ҳамешагӣ ҷавононро ояндаи давлату миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ намуданд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон мебошад.
Бинобар ин ҳар як ҷавони бо нангу номусро зарур аст, ки ташаббускори амалҳои созанда бошем, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва амнияти давлат доимо омода бошем ва барои рушду нумӯи кишвари азиз саъю кӯшиш намоем.