Ҷ.БАЛХӢ. Дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Навоии ноҳия вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳарбону бо сокинон баргузор гардид.
Сараввал раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмасаид баромад намуда, ҳозиринро аз мақсади вохӯрӣ огоҳ намуд. Баъдан Шарофзода Гавҳарбону оид ба самтҳои асосӣ ва муҳиму афзалиятноки Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози ақида намуда, аз сокинон фаъолнокию саҳмгузорӣ дар ободию пешравии ҷомеа даъват ба амал овард. Дар охир муроҷиату пешниҳоди сокинон шунида шуда, дар ҳалли баъзе масъалаҳои барои ҷомеа муҳим тавсияҳои судманд аз ҷониби вакил дода шуд.