БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАСТЕМ

АНДЕША. Мо ҷавонон доир ба терроризм ва экстремизм маълумот дорем ва медонем, ки ин гуна ташкилотҳо  аз сустиродагӣ ва зудбоварии ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба ҳар роҳу восита ба худ ҷалб менамоянд.

Дар моддаҳои 8 ва 30-и Конститутсия муқаррар гардидааст, дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёси мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунад ва ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани сохторҳои конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамояд, манъ аст.

Ташкилоти экстремистӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоти ғайритиҷоратие мебошад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбининамудаи қонуни мазкур оид ба барҳам додан, ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ, бо қарори суд ба қувваи қонун даромадааст.

Аз ин лиҳоз, дар ин лаҳзаҳои тақдирсози таърихӣ танҳо матонату мардонагӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, тамаддуни созандаи исломӣ ва арзишҳои умумӣ эътирофшудаи башарӣ метавонад кишвари азизамон- Тоҷикистонро аз ин разилатҳои замон эмин дорад.

Барои гирифтани пеши роҳи ақидаҳои ифротӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, ҷавонону донишмандон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ бояд фаъол бошанд ва бо бедории миллӣ ва худшиносиву ватандӯстӣ ба онҳо зарба зананд.

Далер Собиров, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg