БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДОНИШ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ

АНДЕША.  Дониш, маърифат, илм, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рӯи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне, дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфтааст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд.

     Бешубҳа, шахси донишманд бо зӯри хирад дили  кӯҳро мешикофад, дар як соат роҳи дарозеро тай мекунад, дар фазо парвоз мекунад.

     Бале, бо мурури замон оинаи ҷаҳоннамо, муъҷизаҳои парвозӣ аз олами хаёлот ба воқеият табдил ёфтаанд. Албатта, яку якбора не, бо гузашти айём, дар натиҷаи донишандӯзӣ ва амал. Инсони донишманд дар гуфтору рафтор низ намуна аст.

         Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рӯзгор ба дониш вобаста аст. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рӯи кор оварда, заҳмати мардумро ба маротиб осон мекунад.

         Нақши илму дошиш дар инкишофу рушди саноат, кишоварзӣ, дар кушодани сирру асрори табиату коинот ва ҳал намудани муаммоҳои зиёд ниҳоят бузург аст. Ҷавонони мо бояд ҳамеша дониш андӯзанд, то осудагии ҷомеаро таъмин намоянд.

         Аз ин рӯ, ҳар сокини Тоҷикистон сарфи назар аз ихтисосу синну сол вазифадор аст, ки барои фурӯзон намудани чароғи ақл пайваста омӯзад. Тақозои ҷаҳони мутамаддин моро водор менамояд, ки сатҳи илму донишамонро боз ҳам тақвият бахшем.

         Байти пурмаънии Низоми Ганҷавӣ раҳнамои фардои дурахшони мост:

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигаранд, рӯзат аз рӯз.

Ғафурзода Рухсора, корманди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg