БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГАРМХОНА МАНФИАТИ БЕШТАР ДОРАД

АНДЕША. Соҳаи кишоварзӣ дар шароити имрӯза яке аз соҳаҳое мебошад, ки талаботи мардумро қаноатманд намуда, онҳоро бо маводҳои хӯрокворӣ таъмин месозад. Деҳқонону кишоварзон дар талоши онанд, ки аз замин якчанд ҳосил рӯёнида, онро ба бозор фурӯшанд. Маҳсулоти кишоварзони мо аз лиҳози таркиб маводҳои кимиёвӣ шояд, ки умуман надошта бошад. Чунки замин ва боду ҳавои мо барои парвариш ва нигоҳубини бештари маҳсулот мусоид мебошад. Ташкили гармхонаҳо яке аз усулҳои хуб ва сердаромад барои деҳқонон ва ҳар як оила маҳсуб меёбад. Зеро гармхона дар мавсиме, ки маҳсулотро омода месозад, дар он айём на ҳама имкони истеҳсоли онро дорад. Баъд  ҳосили маҳсулоти гармхона бештар аст, назар ба заминҳои корами обӣ. Аз ҷониби дигар об дар гармхона ба воситаи қатрагӣ дода мешавад, ки ба замин фоида дорад.

Гармхона имрӯз дар деҳаву маҳаллаҳо бештар гардидааст. Онҳо дар таъмини маҳсулоти дохилӣ саҳми назаррас доранд. Аз ҷониби дигар барои мардуми маҳал шароити хуби корӣ мебошад. Дар сурати зиёд истеҳсол шудани маҳсулот дар гармхонаҳо содироти он низ ба дигар минтақаҳо ва кишварҳои хориҷ боз манфиат дорад. Хоҷагидорону кишоварзонро зарур аст, ки нозукиҳои кори гармхонаро омӯхта дар ин самт ҷиддӣ  фаъолият намоянд.

Итминони комил аст, ки ҳар як нафаре, ки гармхона дорад, фоидаи дилхоҳро ба даст меорад.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg