БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ МО

АНДЕША. Ман, корманди НБО –и Норак ҳамзамон вакил аз ҳавзаи интихоботии №36  бо шукргузорӣ аз ватани азизамон, ки дар он  оромиву субот, дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ  ҳукмфармост, сокинонаш дар партави дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  осуда умр ба сар мебаранд.

    Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо як дилсўзии холисона ба мардум муроҷиат намуда, ҳамаи мушкилоти ватаниро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, бо руҳу илҳоми тоза тамошо намудам.

     Дар маҷмӯъ, Паёми имсолаи Пешвои миллат, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди минбаъдаи кишвар, ҳалли мушкилињои мавҷуда, барои шаҳрвандон чун чароғи раҳнамо баҳри расидан ба соҳили мурод мебошад.

    Ҳамчун корманди соҳаи гидроэнергетика аз он хушнудам, ки дар Тоҷикистон  фоизи зиёди истеҳсоли нерўи барқ дар неругоҳҳо рост омада, дар қатори бунёди дигар иншоотҳои гироэнергетикӣ, неругоҳи барқӣ-обии Норак дар марҳилаи таҷдид қарор дошта, дар сурати таҷдиди пурраи он, иқтидори неругоҳ ба 3375 МВт баробар мешавад, ки дар рушди саноатикунонии кишвар нақши босазое хоҳад бозид.

     Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат чун ҳамасола дар баробари дигар соҳаҳои калидии кишвар ба соҳаи илму маориф  таваҷҷуҳи махсус дода,  дар самти боз ҳам беҳтар намудани нақши маориф дар ҷомеа тавсияҳои муҳим доданд, зеро дар шароити феълӣ танҳо кишварҳое соҳиби пешрафту тараққӣ  мебошанд, ки мутахассисони баландихтисос доранд.

Аз ин рў мо – падару модарон вазифадорем, ки барои таълиму тарбияи фарзандон тамоми шароитњои арзандаро муњайё созем, зеро ояндаи давлат ва дунёро техника ва технологияи замонавї фаро мегирад.

Чуноне ки Пешвои миллат қайд карда буданд «Даврони истиқлол ба ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд дорои нангу номуси ватандорӣ, худшиносии миллӣ ниёз дорад.» Аз ин рў ба фарзандон илмҳои замонавӣ мутобиқ ба давру замон  ва дунё омўхта, омўхтани  забонҳои русӣ ва англисиро дар дили фарзандон талқин намуда, эҳтироми онҳоро  ба Ватан аз дирўза хубтару аз имрўза бештар намоем.

   Хулоса метавон гуфт, ки имрўзҳо моро зарур аст, ҳадафу вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тарбияи насли ҷавони кишвар дар роҳи худшиносии миллию ифтихори ватандорӣ ва дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ саҳми созанда гузошта бошем.

Шарипов Ф.П., вакили Маљлиси вакилони халќи шањри Норак аз њавзаи интихоботии №36                             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg