БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲИЗБЕ, КИ АЗ УМҚИ ДИЛИ МАРДУМ РЕША ГИРИФТААСТ

АНДЕША. Имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳизби созандаю бунёдкор, ваҳдатофар  ва пешоҳанги ҷомеа кору фаъолият намуда истодааст.

ҲХДТ ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона инчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолият менамояд. Ҳизбе, ки  дар заминаи ғояҳои созандаву бунёдкорона ба майдони сиёсат омадааст,  ва дар мудати начандон тулони дар ҷомеа мақому эътибори арзандаро соҳиб гаштааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлоли кишвар буда, аз умқи дили мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои садоқати халқ ва ободии ватан саъю талош меварзад.

Ин ҳадафҳои самимонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳуввият ва рисолаи созандаи ҲХДТ-ро муайян ва мушаххас намуда, ҳамзамон меъёри баҳогузории фаъолияти ҳизб дар давоми 27-соли охир мебошад.

Агар ба таърихи начандон тулонии ҳизби пешоҳанги мардумӣ назар афканем, мебинем, ки марҳилаҳои душвори тайкардааш дар масири давлатсозии миллиамон бо дастоварду натиҷаҳои намоён баҳогузорӣ карда мешавад. Метавон гуфт, ки ҲХДТ дар муддати  27-соли фаъолияти босамараш марҳилаҳои таърихии ибратомӯзро паси сар намудааст.

Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он маншаъ гирифта, рисолаташро барои беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат равона намудааст.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо як масъулияти баланд мақсаду мароми ҳизбро дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб ва талаботи Барномаву Оинномаи  ҳизб ба роҳ мондааст. Махсусан, дар мисоли шаҳри Кӯлоб, метавон гуфт, ки солҳои аввали таъсисёбии ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб теъдоди аъзоёнаш ба 1000 нафар буд. Ҳоло бошад дар соли 2021 ба 10302 нафар мебошад, ки таносубан фоизро ташкил медиҳад.

Хурсандиовари дигар ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, ки ин туҳфа ба мардуми шаҳри Кӯлоб мебошад.

Дар мисоли дигар бошад, ҷиҳати сари вақт расонидани таблиғу ташвиқи ғояҳои созанда бо мардум аз ҷониби кормандон мебошад. Солҳои охир ҲХДТ дар ҷомеа ҷойгоҳи сазовори сиёсӣ ва ҷамъиятӣ пайдо намуда, на танҳо ҳизби сернуфуз, балки ҳизби пешсафи мафкуравию идеявии ҷомеа мебошад.

ҲХДТ фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, бо ширкати фаъолона ва иқдому ташаббусҳои аъзо ва ҷонибдорони худ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар нақши арзанда гузошта истодааст. Ҳадафҳои аслиаш ин дар канори халқ будану мардумро ба корҳои созандаю бунёдкорона раҳнамун кардан аст. ҲХДТ ҳизби мардумист ва барномаи он танҳо барои манфиатҳои халқ равона гардидааст. Ва шиори ҳизб барои то панҷ соли оянда таҳти унвони “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” мебошад бозгӯи он аст, ки мақсади асосиаш таъмини зиндагии босаодати мардум мебошад.

Мунаввараи Бозоралӣ,мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg