БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини амнияти озуқавории кишвар- вазифаи муқаддаси кишоварзон

ПАНҶ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ таҳти унвони  «Саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар- вазифаи муқаддаси кишварзон», ки аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии  «Кишоварзӣ» бо кормандони масъули ин идора вохӯрӣ доир гардид.

Баромадкунандагон атрофи яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат -ҳифзи амнияти озуқворӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки сохторҳои вобаста ба соҳаи кишоварзӣ ва аҳли ҷомеаро лозим аст, ки  дар ин росто ҳиссаи арзандаи худро гузошта,  як қатор корҳои мушаххасро ба анҷом расонанд.

Аз он ҷумла, деҳқононро ба истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдонҳои боғу токзор  ва дар ин баробар  бурдани назорати  сифати маҳсулоти  истеҳсолшаванда, ки солимии аҳли ҷомеа ба он вобаста аст, ҳамчунин таъмини бозорҳои дохилӣ бо меваҳои гуногун ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи истҳсоли ватанӣ ва илова бар ин ба хориҷи кишвар содир намудани маҳсули заҳмати деҳқонон, ки боиси беҳтар гардидани  сатҳи зиндагӣ ва ҳавасмандии онҳо мегардад,  корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро пеш бурдан лозим аст.

Дар охир, раиси ташкилоти ибтидоии «Кишоварзӣ» Одинаев Шералӣ ба сухан баромада, барои пешбурди корҳои кишоварзӣ дар соҳаи боғу токзор ва маҳсулотҳои полезӣ  тибқи дастурамалҳои тавсиявӣ якчанд маслиҳатҳои муфидро пешниҳод намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg