БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТУҲФАГУЗОРӢ БА 20 НАФАР ЯТИМИ КУЛЛ

КӮШОНИЁН. Чун анъанаи нек дар арафаи Соли нави мелодӣ, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки узви Кумитаи Иҷроияи Марказии  ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ба 20 нафар ятими кулл, ки дар Донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, туҳфаҳои соли навӣ тақдим гардид.

Зимни туҳфасупорӣ қайд карда шуд, ки ятимону бепарасторон пайваста зери таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд ва ба онҳо мунтазам дар ҷашну идҳо кумакҳои молиявӣ ва сару либоси мавсимӣ тақдим карда мешавад. Дар суҳбати самимии худ бо ятимон раиси ноҳия таъкид намуд, ки онҳо зери ғамхории доимии Пешвои муаззами миллат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, баҳри ояндаи дурахшони онҳо тамоми тадбирҳо андешида мешавад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg