БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА САРУ САДОҲОИ БАДХОҲОН ДОДА НАШАВЕД!

ВОКУНИШ. Маълум аст, ки дар ҷаҳон ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистию террористӣ ба монанди зиёд шудани аҳолии сайёра рӯз ба рӯз авҷ гирифта истодаанд. Баъзе ҷавои ноогоҳ ва баъзеяшон нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ ва надоштани донишҳои сиёсӣ ба доми гурӯҳҳои экстремистию террористӣ меафтанд, ки оилаву деҳа ва Ватану миллати худро доғдор месозанд. Баромади баъзе ҷавононро, ки дар пахши мустақими  ТТЭ ҲНИ М. Садриддин islohTV -”Минбари муҳоҷир” ва дигар гурӯҳҳои хусусияти экстремистию террористидошта пайвастаанд, дида ба хулосае омадан мумкин, ки тамоми кишри ҷомеа бояд алайҳи ин падидаи хатарзо муборизаи ҷиддӣ баранд. Ин гумроҳон худ намедонанд, ки чи кор карда истодаанд, гоҳе лоф аз дасти бекорӣ мезананд ва гоҳе ғурбати ғарибӣ. Дар ин росто мақоли халқиеро, ки дар хурдӣ шунида будам, ба ёдам овардам.  Марди бекорхӯҷае номи “Шуғнон”-ро мешунаваду фикр мекунад, ки дар ҳақиқат ҷое будааст, ки бо “Нон” шуғҳо (яъне, девори атрофи хонаҳо) сохта шудааст. Як муддат ба ин фикр фурӯ рафта, пайи ҷустуҷӯи  “Шуғнон” мешавад. Дар ниҳоят бо пурсуҷӯи зиёд ба “Шуғнон” мерасад. Мард мебинад, ки ягон шуғ бо нон нест. Кӯчаҳо ба монанди кӯчаҳои зодгоҳаш муқаррарӣ аз сангу гилу чӯб ҳастанд. Мард ҳайрон шуда, ба назди муйсафеди дар даруни замин шудгор кардаистода равон мешавад. Мард аз мӯйсафед баъди салому калом мепурсад, ки падар ҳаминҷо “Шуғнон” аст. Мӯйсафед дар ҷавоб мегӯяд, бале. Мард мегӯяд ба фаҳмидагии ман “Шуғнон” бояд шуғи атрофи хонаҳо аз нон бояд бошад. Мӯйсафед дар ҷавоб мегӯяд, писарам ҳамин ҷувонаҳоро (говҳо ҷуфтӣ) бо ин юғу испор (олоти ҷуфткунӣ бо ҳайвонҳо) дидӣ. Мард мегӯяд бале. Мӯйсафед мегӯяд ана ҳаминро дошта корро идома дода, заминро ҷуфт кун баъд ман ба ту нон меорам, якҷо таъом мехӯрем. Ин деҳаро барои он “Шуғнон” мегӯянд, ки мардум заҳмату талош намуда, бо меҳнати ҳалол нони фаровон ба даст меоранд. Мард мегӯяд, эй бобо ман ки кор мекардам, дар ҳамон зодгоҳам кор бисёр буд, мекардам. Ман фикр кардам, ки дар ин ҷо шуғҳо бо нон ҳасту ман дар зери сояи он нишаста нон хӯрда хоб мекунам.  Чуноне дар боло қайд кардем баъзе ҷавононе, ки дар пахшҳои мустақими гурӯҳҳои мухолифин дар тамос шуда, мегӯянд, ки: “Сарам аз бекорӣ дар таксари часпидааст”, “Дар Тоҷикистон ягон кор нест, ки кор кунем” ва ба монанди ин суханҳои по дар ҳаво мегӯянд, аслан донанд, ки аз қабили ҳамин тоифаи мардуманд.

Дар воқеъ ривоятҳои халқӣ аз ҳаёти аслии инсонҳо бардошта шудааст ва ҷанбаҳои бузурги тарбиявиро низ доро мебошанд. Мақсад аз ин матлаби болозикр якум инки наҳзатиҳои ифротӣ, ки худ дар хона зери сояи салқин нишастаанд, байни мардум тафриқаву низоъ андохта, норозигӣ ба вуҷуд меоранд. Дуюм ин ки атрофи худ як гурӯҳи кӯучаки ҷавонони ноқобилеро ҷамъ овардаанд, ки аслан аз суҳбату ҳаракатҳои онҳо маълум аст, ки бехираде беш нестанд. Ҳатто ҳамон мардуме, ки тарафдори онҳо ҳастанд намедонанд, ки мухолифон бо ин бозиҳои сохтакориҳояшон даромадҳои бешумор аз ҳисоби муҳоҷирон ба даст меоранд. Ҳатто агар мушоҳида карда бошед, худашон ё бо дасти нафарони сохтае дар даруни ҳар як шарҳи (коментарияи) пахши мустақимашон мегӯянд, ки лайк монед бародарон, каментария кунед, лайкҳову камментарияҳоро зиёд кунед, то дигарон бинанд ва ба монанди ин дигар суханҳои сохта. Оё мардум аз куҷо медонад, кӣ шумо мухолифон аз ин лайку коментария ба ҷайбатон маблағ медарояд.

Ҳамзамон, нафароне дар пахши мустақим ҳангоми суҳбат ба М.Садриддин лоф аз он мезананд, ки мо дар муҳоҷират ҳастем, “Чанд вақт шуд дар муҳоҷират бо надоштани ҳуҷҷат дар ҳолати гуреза қарор дорем”, “Ягон нафаре нест ба доди мо расад”, “Аз гуруснагӣ мурдаем, чанд рӯз шуд, ки чизе нахӯрдаем” ва дигар суханҳо ба ин монанд мегӯянд. Акнун худ хулоса кунед, ки инсон, чи кор мекунад, ки худро ба чунин ҳол гирифтор мегардад? Мо низ аз ин мактаби муҳоҷират гузаштаем. Ба фикри ман шахсе ба муҳоҷират меравад ва конунҳои ФР эътироф ва риоя кунад, ба монанди инсон меҳнати ҳалол кунад, ба фаҳшу зино ва корҳои нашъамандӣ даст назанад, албатта ба чунин ҳолатҳо гирифтор намешавад. Акнун инро баръакс фикр кунед, тақдири он муҳоҷир чи мешавад? Боз, ин хоинони наҳзатӣ гуфтаҳои ингуна асолатбохтагонро он нафароне, ки ба монанди худашон лофи шайтонӣ мезананд сар ҷунбонида тасдиқ мекунанд. Магар ин мубориза аст? Ҷуз кинаву душманӣ ба ашхоси донишманд, дассисаву иғвоангезӣ миёни ҷомеа, хидмати хоҷагони хориҷӣ ва ҷуброни маблағи қарздорӣ, ки падарсагони наҳзатӣ барои хароҷот дар “Ҷанги шаҳрвандӣ” дар солҳои 90-ум гирифта будаанд, дигар чизе нест.

Сулҳу оромии давлати Тоҷикистонро, ки бо вазнинӣ ҳатто баҳои ҷони яксаду ҳаштод ҳазор нафар қурбонӣ дар солҳои 90-ум ба даст омадааст, халалдор созанд. Дар пайравӣ ба наҳзатиёни солҳои 90-ум, ки “Ҷанги бародаркуш”-ро таҳрезӣ намуда буданд, ин наҳзатиёни бадҳоҳ имрӯзҳо низ, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, айнан бо ҳамин ақидаҳои ифротияшон, бар сари халқи тоҷик мехоҳанд нооромиро мисли солҳои 90-ум биёранд.

Аз тамоми халқи тоҷик, ҷавонони худогоҳ даъват ба амал меорам, ки ба сафсатаҳои чунин гурӯҳҳои ифротию террористӣ гӯш надиҳанд. Ягон ҳарфи онҳо дуруст нест ва онҳо пайи ободии давлат ва миллат нестанд. Агар ҷиддитар мушоҳида ва таҳлил карда бошед, тамоми ақидаҳои онҳо бар зидди нест кардани фарҳанг, илм, тамаддуни халқи тоҷик ва аз байн бурдани давлати тоҷикон равона шудааст. Дар ин росто, ҳар як ҷавони хештаншиносу ватандӯст бо ҷасорату мардонагӣ, далерию ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ, илму дониши баланд, маърифату ҷаҳонбинӣ ва бо одобу ахлоқи намунавӣ мусаллаҳ гардида, мубориза бояд бурд. То ин мухолифон натавонанд байни халқи тоҷик нооромию фитна андозанд.

Саидшо Асроров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg