АНДЕША. Воқеан ҳам афзоиши гурӯҳҳои экстремистию террористӣ бадтарин падидаи номатлуби ҷомеа дониста шуда, ҳар як фарди солимфикрро водор месозад, ки алайҳи ин зуҳуроти хатарзо муборизаи ҷиддӣ барад. Бешубҳа метавон гуфт, ки ин падидаи хатарзо ба имрӯзу ояндаи ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад.
Ман ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон иброз менамоям, ки оддитарин ҷинояте бар давлату миллатам аз ҷониби гурӯҳе ва ё нафаре баҳри ноорм кардани ҷомеа ба вуқуъ меояд, сахт маҳкум менамоям. То охирин нафас баҳри пойдории адолати ҷомеа мубориза мебарам. Пешравии ҳар як давлат ва бақои миллат новобаста аз хурд ва ё бузург буданаш пеш аз ҳама, ки таҷрибаи ҷаҳони эътирофаш кардааст ин пойдории сулҳу оромии ҷомеа мебошад. Бояд қайд намуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими миллати тоҷик, ки ба ин васила дар ҷомеаи ҷаҳон нуфузу эътибор пайдо намуд, ин бо сиёсати олии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ хотима бахшидани “Ҷанги шаҳрвандӣ” ва пойдор намудани сулҳу оромӣ дар ҷомеа мебошад, ки боиси эътироф гардидан ва шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтани миллати тоҷик гардид. Ҳамзамон, он ҳама мушкилотҳое, ки аз ҷиҳати иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар дар даврони ҷанг ба вуқӯъ омада буд, марҳила ба марҳила бартараф шуда истодааст. Мақсади ишораҳои дар болошуда он аст, ки вақте сулҳу оромӣ ва муттаҳидии ҷомеа омили асосии пешрафт бошад, пас мақсади ноором сохтани ҷомеаи Тоҷикистон аз ҷониби баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ташкилотҳои экстремистию террористӣ, гурӯҳ ва ҳаракатҳои тундрав ва шахсони мухолиф ба қонунҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӣ аст? Бояд ҳар як фарди солимфикр донад, ки давлатҳои манфиатҷӯ душманони миллати тоҷик барои ноором кардани ин сарзамини биҳиштосо ва мардуми Худодод бо дасти баъзе хоинони миллат нақшаҳои бадхоҳонаи худро дар сар доранд.
Ҳамчун як ҷавони зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ вобаста ба воқеаҳои замони охир дар ВМКБ ба вуқӯъомада, ки бевоста баъзе давлатҳои манфиятҷӯ ва ташкилотҳои экстремистию террористӣ, гурӯҳ ва ҳаракатҳои тундрав ва шахсони чинояткору худхоҳ даст доранд, ибрози андеша намоям. Соли 2018 Ҳукумати кишвар барои паст намудани вазъи баланди ҷинояткорӣ аз ҷониби гурӯҳҳо ва шахсони муташаккили ҷинояткор дар ВМКБ як гурӯҳ мақомотҳои марбутаро сафарбар намуд. Ин ҳолатро собиқ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов соли 2018 чунин кайд карда буд: “Иншооллоҳ, то ҷое, ки имкон аст амалиёт шурӯъ намешавад. Агар кулли силоҳ супорида шавад, дигар дар бораи амалиёт гап нест. Силоҳ дар дасти гурӯҳҳои алоҳидаи муташаккили ҷиноӣ аст. Аниқ ҳеҷ кас намедонад, ки чӣ миқдор аст, аммо ниҳодҳои қудратӣ мегӯянд, онҳо дар ин бора маълумот доранд. Аз мардум фақат як илтимос, ки фарзандони худро фақат соҳибӣ кунанд. То ин ки онҳо ба ҳар гуна гурӯҳ шомил нашаванд”. Сипас, соли 2021 собиқ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов пеш аз вазифа рафтанаш дар мавриди шаҳри Хоруғ чунин қайд кард, ки:“Дар кӯчаҳо пури мошинҳои сиёҳшиша бе рақами давлатӣ буданд, чи қадар одам дар ҷустуҷӯ буданд ва чи қадар яроқ буд,( солҳои 2018) ҳозир бошад, яъне як Хоруғи тинҷу ором ва пешрафта шудааст”.
Махсусан, тазоҳуротҳои санаи 25-29 ноябри соли 2021 бори дигар исбот намуд, ки дар минтақа гурӯҳ ва нафарони ҷинояткор вуҷуд дорад. Аввал ин, ки манбаи ин ҳама гирдиҳамоиҳои ғайриқонунии беасос аз рӯи надоштани дониши кофии сиёсӣ ба ин хотир ноогоҳона ба ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша бовар намуда, оила, деҳа ва Ватану миллати худро доғдор месозанд. Аз ҷониби дигар ҳанӯз ҳам нафароне ноогоҳ ҳастанд, ки ба дассисаю иғвоҳои беасоси ташкилотҳои экстремистию террористии беруна бовар намуда, дидаю дониста қонунҳои давлатро поймол менамоянд. Вобаста ба тазоҳуротҳои санаи 25-29 ноябри соли 2021, собиқ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов чунин кайд намуд: https://www.youtube.com/watch?v=EX57uIfYfYw. Гунаҳкор дигар касу зарар ба дигар нафар ва ё манфият як гурӯҳ мебараду зарар ба ки мерасад! Он мардуме, ки ноогоҳона ва ё фирефташуда аз қувваҳои берун ва дохили ҷинояткор дар тазоҳуротҳои санаи 25-29 ноябри соли 2021 бо гӯши саратон шунавед, ки худ собиқ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар қазияи бардурӯғ ва бофтаи Абирзода Абдусаттор Исмоил ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа ва Шоназарова Зуҳро Гадомаҳмадовна сокини ноҳияи Роштқалъа чи гуфтааст.
Дар мавриди дигар ҳақ ба ҷониби вакилон аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, аз ҷумла Давлатзода Ҳаким вакил аз ноҳияи Дарвоз, Мухторов Ёдгоршо вакил аз ноҳияи Ванҷ, Кирғизбеков Ҷонибек вакил аз ноҳияи Роштқалъа, ки дар иҷлосияи 8-уми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз баъзе нафарони ҷиноятпеша, ки оилаву деҳа ва Ватану миллати худро доғдор менамоянд, муроҷиатҳо намуда, аз тамоми мардуми бузурги ВМКБ даъват ба амал оварданд, ки бо муттаҳидӣ ва якдилӣ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷамъ омада, барои ободии Ватан ва пешрафти зиндагии худ талош меварзанд. Воқеан ҳам барои мо хар як нафари сокин ва хоки муқаддаси ВМКБ азиз аст. Бояд ҳар як фарди тоҷик донад, ин сулҳу оромии кишварамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар солҳои 90-ум барои ба даст овардани сулҳу оромӣ чи ҷонбозиҳо ва қурбониҳо кардем? Ин ҳама пешравии Ватани азизамонро дар 30 соли Истиқлолият бо дарназардошти ҷанги шаҳрвандӣ, хуб дарк намоед! Ба сафсатагӯиҳои ду- се хоини дар ба дар дода нашуда, ин оромию субот ва сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Чи қадар давлатҳои ҷаҳон махсусан кишварҳои мусалмоннишин аз дасти ин гурӯҳҳои бадбахти террористию экстремистӣ дар ташвишу ноороманд. Бахти баланди мост, ки дар кишвари бо амну осоиш зиндагиву фаъолият дорем. Ҳамеша дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муосир баҳри тараққиёти ҳамаҷонибаи кишвари маҳбубамон-Тоҷикистони биҳиштосо бошем.
Саидшо Асроров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон