АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шудани Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кишварамон мавқеи сиёсии худро устувор кард. Бо роҳбарии ин марди хирадманд истиқрори сулҳ ва рушди мамлакатамон роҳи калидиро боз намуд. Агар ба таърихи солҳои аввал назар афканем, ноустувории сиёсии тамоми қишрҳои ҷамъият ва ҳукумат эҳсос мегардад. Яке аз бузургтарин хайре, ки Роҳбари давлат баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба мардуми тоҷик анҷом додааст, ин дастгирии бевоситаи ятимон ва пиронсолони бепарастор мебошад. Дастгирӣ намудани ин гуна қишри ҷомеа ҳамеша барои Сарвари давлат вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Аз аввали Сарвари давлат интихоб шуданаш Пешвои миллат барои амнияти озуқавории кишварамон чораҷӯӣ намуда, майдони кишти зироатҳои ғалладонагиро аз заминҳое, ки пахта ва тамоку кишт карда мешуданд, зиёд карда ба ҷои хоҷагиҳои калони фалаҷ ёфта, хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ташкил шуд, ки дар натиҷа заминҳо соҳиби ҳақиқии худро ёфтанд.
Барои расидан ба ҳадафи дувуми стратегӣ истиқлолияти энергетикӣ, аз тарафи Пешвои миллат ташаббусҳои наҷиб пешниҳод гардид, ки мувофиқи онҳо дар даврони 30 - соли Истиқлолият якчанд нерӯгоҳҳои барқии хурду бузург, аз он ҷумла НБО-Роғун, Сангтӯда – 1, Сангтӯда – 2 ва неругоҳҳои бо гармӣ коркунандаи шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар кишварамон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд омад.
Барои раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ бо ташаббуси Сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Ҳоло аҳолӣ метавонад аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар намоянд, ки ин ҳама заҳматҳои Сарвари давлат барои мо мардум мебошад, ки дар Ватани ободу озод зиндаги намоем. Бо кушишу заҳматҳои худ боз тавонист сарҳади байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам дӯсту бародарро кушоданд, хушбахтона хешу таборе, ки чандин сол ба дидори якдигар нарасида буданд, ба дидори ҳам расонид. Ин ҳам аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гаштани кишварамон шуд, ки ҳадафҳои стратегӣ буд.
Хулоса, дар даврони истиқлолияти кишварамон баъди истиқрори сулҳ бо Сарвари хирадманди худ тавонистем дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи таъминоти аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ, таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ, сохтмону таъмири роҳу пулҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Н. Ҳасанова, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар н.Панҷ