БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ - РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. 9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст: санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентиябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9-уми сентябр расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас масҳуб мешавад.

Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накӯ нерӯи тозаро эҳё сохт. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ  мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд. Воқеан дар баробари дигар муқаддасот Истиқлолият низ яке аз арзишҳои волое мебошад, ки бо ба даст оварданаш тамоми ҳастии миллии мо аз нав эҳё гардид. Имсол Истиқлолияти кишвари мо 30- сола гардид, ки чун ҷавони матину устувор сӯйи фардои дурахшон равон асту моро ҳам бо худ бурда истодааст. Ин неъмати бузург бо пайки хешу нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистони азиз овардааст. Моро лозим аст, то пойдорӣ ва таҳкими он фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи кишвари азизамон гузорем. Ҷавонон, ки қишри ояндасози кишвар ба ҳисоб мераванд, дар замони соҳибистиқлолӣ ҳама чун як тану як ҷон пайи илму донишанду имрӯзҳо ҳар яке дар самти хеш муваффақанд. Маҳз бо шарофати Истиқлолият баҳри илмомӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардид. Ин аст, ки ҷавонон имрӯз ҷиҳати аз бар намудани илму донишҳои гуногуни мувофиқ ба талаботи замон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар таҳсил намуда, бархеи дигар дар муассисаву донишкадаҳои бонуфузи кишварҳои хориҷ таҳсили илм менамоянд. Ҷавонони мо имрӯз дарк намуданд, ки роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои наку, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишвар маҳз танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун муяссар мегардад.

Истиқлолияти Тоҷикистон рамзи давлатдории миллӣ аст ва ояндаи дурахшони миллат аз ин ганҷина вобастагии калон дорад. Замоне буд, ки миллати тоҷик дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт. Бо амри таърих 30- сол мешавад, ки Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф менамоянд. Ин саҳифаҳои дурахшони таърихи миллат бо оби тилло сабт мегарданд. Имрӯз кишвари мо роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, таваҷҷуҳ менамояд. Бо шарофати Истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, имрӯз кишвари моро чун шарики стратегӣ мешиносанду ҳамкорӣ менамоянд. Аз ин рӯ, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки баҳри боз ҳам рушд ёфтани кишвари азизамон ва боло рафтани мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ саъю талош намоем. Барои амалигардонии ин моро лозим аст, ки дар соҳаи хеш фаъолиятамонро самаранок ба роҳ монем.

Дар ҳақиқат. Имрӯз дар фазои Истиқлолият ва сулҳу субот кулли ҷомеа сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд. Аз оромию осудагӣ шоирон шеъри сулҳ мегӯянду мусаввирон расми муҳаббат ва садоқат тасвир менамоянд ва ҳунармандон суруди сулҳу ваҳдат месароянд. Пас ҳамин аст, Истиқлолият ва озодӣ. Дар ҳақиқат Истиқлолият орзуҳои якояки моро месабзонаду зиндагиро ширин ва қалбҳоро ба фардо умедвор месозад. Пас, мо аҳли ҷомеа, дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама, ба дарки амиқи самараҳои Истиқлолият сарфаҳм рафта, баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем, баҳри рушду инкишоф ва муаррифии ин сарзамин дар арсаи байналмилалӣ талош намоем таҳкимбахши Истиқлолият ва оромию осудагии кишвари хеш бошем.   

Низора Каниева,  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg