КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бахшида ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, саҳм гузоштан дар ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 7 нафар кормандони фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сиёсати пешгирифтаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои беҳтар намудани зиндагии мардум саъю талош карда истодааст.