БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ЭҲЁКУНАНДАИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

АНДЕША. Аҳамияти бузурги фаъолияти Президенти маҳбубамон дар соҳаи илму маориф, таълиму тарбия ва рушди ҳунарҳои зеборо таълимоти файласуф ва адабиётшиноси фаронсавӣ дорандаи ҷоизаи Нобел-Алберт Камю исбот менамояд. Агар ин мутафаккири фаронсавӣ барои муттаҳидӣ ва озодии инсон бештар ба масъалаҳои маориф ва санъат диққат дода бошад, Эмомалӣ  Раҳмон низ эҳё ва рушди маориф ва санъати аҷдодии тоҷиконро яке аз пояҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ шумурда, дар маркази тавваҷуҳи худ қарор додааст. Масъалан эҳё намудани санъати мусиқии Шашмақом, Фалак ва ғайра саҳми Сарвари давлат буда, эҳёи ин падидаҳои санъати классикии халқи тоҷикро бе ташаббусу сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан мушкил аст.

 Пўшида нест, ки озодии таълиму тарбия ва таҳкими низоми маориф боиси бо ҳам наздик шудани мардум ва аз ҷиҳати интелектуалӣ густариш ёфтани маънавиёту ахлоқи ҷомеа мегардад. Бинобар ин бешубҳа дар амал татбиқ намудани ҳидояту барномаҳои Сарвари давлат барои боло рафтани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию инсондӯстии мардум нақши бузургеро мебозад ва барои наҷоти ҷомеа ва таассуби сиёсии доимӣ тафаккури ифротгароӣ ва идеологияҳои бардурӯғ мусоидат менамояд.

Тавре, ки Раиси муаззами ҲХДТ борҳо таъкид намуданд, мо тоҷикон ҳозираю ояндаи миллати хешро бидуни фарҳанги ғании гузаштагонамон тасаввур карда наметавонем. Аз ин рӯ мо бояд чун ворисони Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Умари Хайём, Саддридин Айнию Бобоҷон Ғафуров фарҳанги кӯҳани хешро эҳё намуда, ба он рушду густариш бахшем. Шукри истиқлолияти Ватан ва соҳибихтиёрии давлатамон, ки мо тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон пайдо кардем, то ба таъриху фарҳангу тамаддуни хеш дубора рӯй оварда, ин унсури муҳимми ҳастии миллатро аз нав эҳё намоем.

Ҳамин тавр хидматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон бисёр бузург буда, тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иктисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ва миллатро фаро мегирад. Аммо фақат арзёбии хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бахши эҳёи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ кофист, ки ин шахсияти нотакрорро ҳамчун эҳёгар ва зиндакунандаи миллати тоҷик эътироф намоем.

Каниева Н., мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg