БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ”

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказӣ”-и шаҳр бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Ҳисоризода Ҷ., мудири шуъбаи маънавиёт Грезов Азиз маҷлиси ҷамъбастии  ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 баргузор гардид.

Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказӣ”-и шаҳр Ғафуров Дилшод шунида шуда, баъдан оид ба масъалаҳои зарурӣ қарорҳо қабул карда шуд.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоти ибтидоӣ, коргузорӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ суханронӣ намуданд.

Дар охир ба котиби раиси ташкилоти ибтидоӣ Достиева Амина барои дуруст ва бо тартиб ба роҳ мондани ҳуҷҷату ҳуҷҷатнигории ташкилоти ибтидоӣ бо сипоснома ва туҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант сарфароз гардонида шуд. Инчунин, ба якчанд аъзои наве, ки барои аъзогӣ ба ҳизб ариза пешниҳод карда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg