КӮШОНИЁН. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия ҳамарӯза бо маром идома дода истодаанд.
Ҳамчунин, ду нафар кормандон даври дуюми ваксинаро қабул намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки қоидаҳои асосии пешгирӣ аз ин беморӣ безараргардонии макони зист, риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ, мунтазам шустани дастон бо собун, истифодаи маводҳои антисептикӣ, риояи фосила ва истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад.