БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РАМЗИ САРҶАМЪӢ ВА ЯГОНАГӢ

АНДЕША. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миилӣ, дар асл сарчашмаи сулҳ, ваҳдат, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати халқи тоҷик мебошад. Ба ин хотир мо халқи тоҷик баҳри он талош менамоем, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ садоқатмандона фаъолият намоем.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ дошта, он яке аз мавзуъҳоест, ки дар давоми даҳсолаи охир дар маркази диққати мутахассисони дунё, аз қабили сиёсатшиносон, низоъшиносон ва умуман ҷомеаи башарӣ дар кишварҳои гуногуни олам қарор дорад. Чунон, ки имрӯз эътироф гардидааст, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар ҳалли низоъҳои дохилии миллӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра ҳамчун намуна истифода шуда метавонад.

Аз ин роҳ моҳияти Ваҳдат дар радифи вожаҳои  ваҳдат-модар ва сулҳ барои мардуми мо ниҳоят муқаддас мебошад.

Ваҳдат  ифодагару инъикосгари мафҳумҳои ягонагӣ ва якпорчагӣ буда, бидуни Ваҳдат натанҳо соҳибистиқлолӣ, балки арзишҳои худ хоси давлат низ муттаасил аз байн меравад.

Суханони ҳакимонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмонро «Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Мо-ҷавонони хуштолеи Ватан, чун ҳамеша дар татбиқи барномаҳои сиёсати давлатӣ, дар амалӣ сохтани дастуру ҳидоятҳои Пешвои Ваҳдатсарои худ, баҳри тайёр намудани заминаҳои устувори давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ фаъолона саҳм гузошта, дар сафи пеш ва паҳлу ба паҳлу созандагони тақдири ояндаи Ватан қадам хоҳем монд. 

Расулов А., муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg