АНДЕША. Ҳакиқатан Паём, суханронии самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Пешвои миллат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.
Ҳамин аст, ки сокинони мамлакат Паёми ҳарсолаи Пешвои миллатро бесаброна интизорӣ кашида, онро чи дар хона ва чи дар ҷойи кор бо як завқи баланди миллӣ тамошо менамоянд. Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ҳамаи самтҳои фаъолияти кишварамон натиҷагирӣ гардида, нақшаҳо барои фаъолияти минбаъда тарҳрезӣ гардидаанд. Яке аз соҳаҳои муҳими давлат, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад соҳаи илму маориф мебошад.
Дар паи чораандешиҳои зиёд ва ташабусҳои пайвастаи Роҳбари давлат сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сол то сол боло рафта истодааст. Татбиқи ташабусҳои роҳбари давлат барои кашфи чеҳраҳои нав дар соҳаи илм замимаи мусоидро фароҳам овард.
Бинобар ин сокинони кишвар алал хусус ҷавононро месазад, ки ташабусҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии худ ҳамеша талош варзанд, ватандӯсту ватанпарвар бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба даъвову буҳтонҳои беасоси ватанфурӯшон дода нашаванд ва бо азму иродаи қави дар пешрафту гулгушукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.
Қосимов Ф., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотӣ КИ ҲХДТ дар н.Вахш