БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОНИБДОРИ СУЛҲУ ОРОМӢ ДАР ВМКБ ҲАСТЕМ!

 АНДЕША. Ифтихор аз он мекунам, ки тоҷикаму тоҷикзабонам! Худованди Карим бароям чунин як сарзамини биҳиштӣ-Тоҷикистони соҳибистиқлолро арзонӣ додааст.

Аз ин лиҳоз, дар ҳар қадаму нафасамон аз ин неъмат бояд шукргузор бошем, аммо вақтҳои охир гӯё чашме ба ҷавонони нерӯманди мо расидааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ роликҳоеро мушоҳида мекунем, ки боиси таассуфу тааҷҷуб ҳастанд. Гӯё ҷавонони мо фирефтаи кадом гурӯҳи фитнаангезе гардида бошанд.

Ҷавонони азиз, родмардони ин марзу бум, Шумо ояндаи ин сарзаминед. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон ба масъалаи ҷавонон диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҷавононро ояндаи миллату давлат меноманд. Ҷавонони мо бояд зиракиву сиёсии хешро ҳаргиз аз даст надиҳанд. Ман ба ҷавонон имрӯз боварии калон дорам… ин ҳама даъватҳо мудом аз минбарҳои баланд садо медиҳанд!

Пас, мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолро мебояд суханҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намоем. Дар ин радиф, рў меорем ба ҷавонони созандаи ВМКБ, ба мардуми сарбаланди Бадахшони азиз, ки гўё чашме расида ва нооромиҳо сар зад. Аммо ба донишу заковати ҷавонони ин минтақа бовар дорам.

Ман бовар дорам, ки ҷинояткор сазои хешро мебинад. Халқи ВМКБ садоқати худро ба Ватан мунтазам нишон медиҳанд. Акнун фурсатест, ки боз ҳам ҷавонони худро ба роҳи рост ва созанда раҳнамун созем.

Дар радифи ин гуфтаҳо, ба тамоми ҷавонони кишвар рӯ оварда, онҳоро ба ватандӯстию хештаншиносӣ сидқан даъват менамоям.

Биё эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,

Ба ҷон омодаи амру нидои ин Ватан бошем.

Гирифта дасти ҳам аз як гиребон сар бурун орем

Ватан аз мост, мо низ аз барои ин Ватан бошем.

Аниса Ёрасенова, мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси н. Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg