АНДЕША. Яке аз суханони беҳтарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо пеш аз оғози барномаи телевизионии Ахбор садо медиҳад:
“Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ана ҳамин сарзаминро кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем”! Дар ин ҳошия рӯ меоварем ба мардуми сарбаланди ВМКБ. Барои мардуми Бадахшон яке аз фатҳу иқболи баланд дар он аст, ки дар Боми ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Боме, ки дар миёни собиқ 15 республикаи даврони Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур гардида буд ва ҳаст. Имрӯз мушоҳида мегардад, ки дар минтақаи ниҳоят дорои имкониятҳои табиӣ ва аҳамияти таърихӣ дошта, ки тамоми таваҷҷуҳи сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст, гурӯҳҳое пайдо гардидаанд, ки аз таъриху фарҳанг ва машҳур будани манотиқи худ дур гардидаанду пайравии гурӯҳҳои ифротӣ гардидаанд. Хонандагони азиз Шумо худ аз ҳодисаҳои охире, ки дар минтақаи Бадахшон рӯх дода истодааст, огоҳ ҳастед. Наход пеши роҳи чор ҷавони гумроҳро гирифта натавонем? Масалан падару модарон, раисони Кумитаҳои маҳал, омӯзгорон ва ё масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот. Модоме, ки чунин ҳодисаҳо аз тарафи чунин гурӯҳҳои ҷиноятпеша роҳандозӣ гардидааст. Пас чаро хомӯш ва ё бетарафиро ихтиёр кардаем. Ҳар яки мо агар як нафар ҷавонписарро як ҷавонмардеро насиҳат намуда, роҳи дурустро нишон диҳему аз ин роҳи ҷаҳолат онро баргардонем, ин нишонаи ҷавонмардӣ ва оқил будани моро шаҳодат медиҳад. Устод Ҳабиб Юсуф фармудааст:
Вақти он аст, эй қалам буррандатар гардӣ зи теғ.
Вақти он аст, эй сухан ғуррандатар гардӣ зи барқ.
Зери ана ҳамин байти устод ҳамаи мову Шумо дар ин рӯз масъул мебошем то тавонем бо воситаи сухан ва навиштаҳо дар сомонаҳои интернетӣ ба нуқтаи даркории чунин гурӯҳҳо вокуниш нишон диҳем то онҳо аз ниятҳои нопоки худ даст кашанду дилашон ба ватани азизамон гарм шавад.
Қаҳрамон Давлатов, муовини раиси ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ