АНДЕША. Ҳамчун як табиби ҷавон арзи сухан мекунам. Вақтҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дида мешавад, ки норозигии баъзе аз гурӯҳҳои ҷавонони ноогоҳ аз манотиқи ВМК Бадхшон аён гардида истодааст. Аз ин лиҳоз ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамаи мову Шумо дар яке аз ватани тинҷу ором, ки дорои сулҳу субот ва амну осоишта мебошад, кору зиндагонӣ менамоем. Пас чаро ба доштани чунин дастовардҳое, ки давоми 30-сол ба мо муяссар гардидааст, шукргузорӣ намекунем. Барои исботи ин гуфтаҳо моро зарур аст, ки аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии кишвар бархурдор бошем. Дар ироаи Паём тамоми самтҳои хоҷагии халқ бо рақамҳои дақиқ ба саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон расонида шуд. Аз солҳои 90-ум то ин ҷониб агар ба рақамҳои омор нигарем, ба ҷуз пешравӣ дигар чизе дида намешавад. Яке аз масъалаҳои муҳим барои паст намудани сатҳи камбизоатии мардум ин давра ба давра зиёд гардидани музди меҳнат ва нафақа мебошад, ки ба маротиб аз солҳои пешин зиёдтар гардида истодааст. Эълон гардидани 5-солаи рушди саноат, ки ин боиси болоравии иқтисод ва пешравии ҳаёти мардум мебошад. Дигар мисолеро овардан зарур мешуморам, ки силсила иншоотҳое, ки дар самти соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, саноату сохтмон ва ҳатто нерӯгоҳҳои барқии азими кишвар далели гуфтаҳост. Пас мо ҷавонони саодатманди кишварро зарур аст, ки ба хотири оромӣ ва суботи кишвар якдилу муттаҳид гардида, нафароне, ки ба хотири халалдор гардидани ҷомеа амалҳои ношоистаеро раво мебинанд онҳоро аз ин роҳи нодуруст баргардонем.
Вобаста ба ин қазия барои ҳамаи мову Шумо давлати ҳамсоя Афғонистон далел шуда метавонад, ки аз надоштани Ваҳдат ва Пешвои миллат халқи ҷангзадаи афғон ба чӣ рӯзҳо омада расидаанд. Агар ба мисли Эмомалӣ Раҳмон роҳбари адолатпарвар медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба чунин ҳолат гирифтор намешуданд.
Шарофат Ашурова, ҳамшираи шафқати КАТС-и ноҳияи Дӯстӣ