БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ҲАМЧУН МАШЪАЛИ РОҲНАМО

АНДЕША. Ҳамасола бо ироа гардидани Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои ҳамаи соҳаҳои мухталифи халқ баррасӣ гардида, вазифаҳо барои соли оянда муайяну мушаххас мегарданд.

Боиси ифтихор аст, ки соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати  мамлакат қарор дорад.

Ҳамасола баланд гардидани маоши кормандони соҳа, сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимии нави замонавӣ, эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», озмунҳои «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон -Ватани азизи ман!» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» кормандони соҳа, омӯзгорон, волидон, хонандагон ва донишҷӯёнро вазифадор менамояд, ки ба омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, забономӯзӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ диққати аввалиндараҷа дода, дар амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат саҳмгузор бошанд.

Пешниҳод гардидани таҳияи «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 - 2030» барои зиёд гардидани сафи олимони ҷавон ва дорои ихтисоси ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ дар пешрафту тараққиёти кишвар қадами устувор мегузорад. Зеро Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки бе пешрафти мактабу маориф ва илм ягон ҷомеа ба пешрафту комёбӣ ва тараққиёт даст намеёбад.  Дар баробари ин, дар сиёсати Сарвари давлат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Имрӯз, занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида, саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ, соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар торафт афзуда истодааст.

Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари занону бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва таъмини зиндагии арзандаи занону модарон аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардидани таҳияи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» аз таваҷҷуҳи бевосита ва боварии Роҳбарияти олии кишвар нисбати занону бонувон дарак медиҳад.

Итминон дорем, ки дар зери роҳбарии Пешвои муззами миллат Тоҷикистон қуллаҳои баланди тараққиётро фатҳ намуда, Паём ҳамчун машъали роҳнамо роҳи моро ба сӯйи ояндаи дурахшон равшан месозад.

Сайрамбӣ Ҷалилова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg